Шоистаи Равшан: Пешвои миллати тоҷикон ба аҳли зиё эҳтироми зиёд дорад

Март 20, 2016 16:09

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).— «Таасуроти ман аз ин мулоқот хеле рангин аст. Баъди ин мулоқот дар як дунёи афсонаву фасона ворид шудам. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хеле миннатдор ҳастем, ки моро ба чунин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ даъват карданд. Наврӯзи ваҳдатсоз дар ҳақиқат наврӯзе шудааст, ки ҷаҳонӣ, осмонӣ ва кайҳонӣ. Ман ҳамчун нависанда, ҳамчун муҳаққиқи соҳаи фалсафа мегӯям, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат Ҷашни Наврӯзро дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамоянд»,-мегӯяд Шоистаи Равшан, раиси ташкилоти байналмилалии дастгирӣ барои нависандагони ҷаҳон.

Шоистаи Равшан иброз дошт, ки аз суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омадам, ки Пешвои миллати тоҷикон  ба аҳли зиё эҳтироми зиёд дорад. Чуноне, ки Сарвари давлати тоҷикон гуфтанд «Шоиронро дӯст медорам» ва касе, ки ба шоиру нависандагон арҷ мегузорад, бузург аст.

Номбурда аз фурсат истифода бурда, аз номи нависандагон ва шоирони Қирғизистон мардуми азизи Тоҷикистонро ба Ҷашни Наврӯз табрик намуд.

Март 20, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд