«Суди девонагон» — намоишномаи нави коргардони туркман дар театри Конибодом
Конибодом, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Бори дуюм аст, ки коргардони маъруфи туркман Хоҷақулӣ Авлиёқулӣ бо ҳунармандони Театри давлатии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳр намоишнома рӯи саҳна меорад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи фарҳанги мақомоти шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, намоишномаи нав «Суди девонагон» ном дошта, он аз рӯи ду шоҳасари дромнависи машҳур Шекспир — «Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» таҳия шуда, пешкаши ҳаводорони санъати театрӣ гардидааст.
Ба гуфти манбаъ, асари мазкур асосан барои кашфи асрори касб ва сайқали истеъдоди эшон интихоб гардида, дар намоишнома асосан ришвахӯрӣ, мардумфиребӣ, пастфитратӣ ва бетарафӣ нисбат ба мушкилоти ҷомеа ифода ёфта, он ба тамошобин як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад.
Намоишнома бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳр ва осоишгоҳи «Ирам», ҳамчунин дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






