Тақдими «Ноутбук» ба Фарзонаи Қурбон
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 10 март дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо иштироки сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода ҷамъомад доир гардид.
Сокини деҳаи Симиганҷи шаҳри мазкур, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 Фарзонаи Қурбон, ки ба кормандони милитсия барои ошкор кардани як махфигоҳи силоҳи оташфишон мусоидат карда буд, қадрдонӣ шуд.
Ба Фарзонаи Қурбон дар вазъияти тантанавӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро туҳфаи арзишнок- «Ноутбук»-ро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода дар ҳузури ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур тақдим намуд.
Инчунин бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модари ӯ барои тарбияи хуб ва интизоми ибратбахши фарзанди худ бо «Ифтихорнома» ва «Раҳматнома»-и Вазорати корҳои дохилӣ қадршиносӣ гардиданд.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






