Таҳлили амнияти озуқаворӣ
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Таҳлили амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- дар ин мавзӯъ 12 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, дар мизи мудаввар Пиризода Ҷалил Сафар — сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Рустам Қудратов- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавзӯи «Самтҳои асосии таъминоти амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифат дар ҶТ», Абдувосит Мадаминов-профессори кафедраи менеҷмент ва соҳибкории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар мавзӯи «Рушди устувори соҳаи аграрӣ- асоси бехатарии озуқаворӣ» маърӯза намуданд.
Гуфта шуд, ки роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ хеле зиёданд, аз ҷумла ин афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рӯ овардан ба самти ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, самараноку оқилона истифода бурдани замин, таъминоти техникии соҳа ва ғайраҳо. Аз нишондодҳои омории пешниҳодгардида маълум гардид, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 3,3% зиёд гардид. Баромадкунандагон доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ истода гузашта, баён намуданд, ки дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 700 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст ва аз хориҷи кишвар 570 ҳазор тонна гандум ва 210 ҳазор тонна орд ворид шудааст. Феълан мо аҳолиро бо картошкаи ватанӣ, сабзавот ва полезиҳо пурра ва бо мевагиҳо дар ҳаҷми 80% таъмин карда метавонем ва имсол бори аввал картошка ба миқдори 477 тонна содирот шуд, баён дошт Ҷ.Пиризода.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии тамоми аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсубшуда, барои расидан ба он иҷрои барномаҳои давлатӣ ва роҳҳои дар боло номбаршуда заруранд, — чунин хулосабарорӣ намуданд иштирокдорони ҳамоиши илмӣ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






