Табибони низомии Русия оид ба пешгирии вируси сироятии хатарнок омӯзиш гузаронданд

Март 2, 2016 17:16

Душанбе, 02.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Мутахассисони беморхонаи ҳарбӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, оид ба муайянкунӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии вирусӣ дар пойгоҳи низомии 201-ум миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони ғайринизомӣ омӯзиш гузаронданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти округи ҳарбии марказӣ, ҳангоми ба таври шартӣ муайян намудани бемор бо гумони гирифтор будан ба вируси сироятӣ, мутахассисон барои тафтиши робитаи ӯ ва минбаъд нигоҳ доштани ӯ дар шуъбаи махсуси муҷаҳҳаз маҷмӯи чорабиниҳои таъҷилӣ гузарониданд.
Ҳангоми кор табибон либосҳои ҳимоявии «Кварс-1М»-_ро истифода намуданд, ки онҳо имконияти кам намудани сироятро доранд.
Табибон ва сироятшиносони низомӣ амалан беморҳои гирифтори вирусҳои сироятии хатарнок- аз зуком то вараҷаи экзотикиро бо як тартиб муайян намуданд.
Амали онҳо имкон дод, ки паҳншавии беморӣ миёни ҳайати ҳарбиён пешгирӣ шавад.

Март 2, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд