Тарбияи фарзанди хуб рисолати олии модарони тоҷик аст!
Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим мавриди васфу ситоиш қарор гирифта буд.
Ҳоло дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо 5 савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Ҳамсуҳбати дигари мо сардори бахши магистратура ва докторантураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат- Ёрова Зулайхо Ҳабибуллоевна.
Савол: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Ҷавоб: Воқеан, беҳтарин суханон дар дунё дар ҳама давру замон дар васфи зан-модар гуфта шудааст. Ҳамчун намуна адабиёти ғанию қадимии форс-тоҷикро овардан мумкин аст. Беҳтарин ашъор бо номи модарномаҳо давра ба давра ба номи зан-модар иншо гардидаанд. Барои мисол, силсилаи модарномаҳои Эраҷ Мирзо аз адабиёти Эрон, «Модар»-и М. Горкий дар адабиёти муосири рус, «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ ё худ шиори ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар адабиёт роиҷгардида, ки бо ҷумлаи мутантани «Ҳамду сано бод дар олам ба зан, ба модар, ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар!»-ро метавон мисол овард. Мартабаи модарро дар дини мубини ислом, ки ба арши аъло бардошта шудааст, низ ёдрас шудан мумкин аст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар замони муосир , бахусус пас аз соҳибистиқлолии Ватани азизамон-Тоҷикистон бо иқдоми наҷибона ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мартабаи занон дар ҷомеаро баланд бардошта шуд. Ба Рӯзи Модар номгузорӣ гардидани ҷашни 8-уми март тасдиқи ин гуфтаҳост. Дар замони муосир, яъне дар замони соҳибистиқлолии кишвар як хусусияти фарқкунанда ба занон-модарон нисбат дода шудааст, ки ин баланд бардоштани масъулияти зан-модар дар ҷомеа мебошад. Дар баробари он, ки занон дар ҷомеа, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд, боз масъулияти тарбияи фарзанд бештар ба дӯши модарон вогузор гардидааст. Барои мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз бисёр ҷиҳат ба модарон бештар нигаронида шудааст ва ба андешаи ман, дар ҳеҷ давру замон зан-модари тоҷик чунин рисолати баланд надошт.
Савол: Оё мақоми имрўзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Ҷавоб: Бале, дар аксарияти маврид ва дар бисёр ҳолатҳо мусоидат мекунад. Фарзанд замоне дар хонадон тарбияи хуб гирифта метавонад, ки аз ҳар нигоҳ модари солим дошта бошад, бахусус аз нигоҳи маънавӣ. Мутаассифона, баъди ҳодисаю воқеаҳои маълуми ба сари халқу кишвари мо омада, қисме аз духтарони синни мактабӣ бар асари мушкилот аз таълим берун монданд, ки онҳо имрӯз дар сафи модаронанд. Аз ин нигоҳ , мушкилоти тарбияи фарзанд дар чунин оилаҳо ба назар мерасад. Ҳарчанд ин ҷиҳати масъала ҷузъӣ аст, вале дар ҷомеа ҷой дорад. Ва агар механизми баланд бардоштани мақоми зан тавассути ҳукуматҳои маҳал, роҳбарони мутасаддӣ дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, созмону ташкилоти ҷамъиятию давлатии ба ин самт нигаронидашуда бо ҳамдастӣ дуруст ба роҳ монда шавад, он ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.
Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шўравӣ ё замони соҳибистиқлолӣ?
Ҷавоб: Дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ занону модарон, бахусус дар манотиқи Осиёи Марказӣ ҳаёти ниҳоят сангину вазнин доштанд, ки ҳоҷат ба ёдрас кардани он нест. Ҳам таърих ва ҳам адабиёт аз даврони истибдод будани он замон нисбат ба занон-модарон сафҳаҳои зиёди риққатовару сангине ба мерос гузоштаанд. Дубайтию рубоиёти фолклори халқро метавон ҳамчун намуна овард:
Дилакам зардоб шуд аз чак-чаки бофандагӣ,
Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ…
Ҷомеае, ки чунин эҷоди халқро барои мо мерос гузоштааст, зан-модар дар он чӣ мақом дошта метавонад?! Дар замони Шӯравӣ мақому мартабаи зан-модар то ҳадде боло рафт, вале замони соҳибистиқлолӣ дар баробари он, ки ба мақоми зан-модар мартабаи баланд аз ҷониби Сарвари давлат дода шуд, боз масъулияти бузурги модарӣ ба зиммааш гузошта шудааст. Яъне, агар содатар карда гӯем, занону модарони замони соҳибистиқлолӣ масъулияти баланди бунёдгузории як давлати воқеан миллиеро барои наслҳои баъдӣ дар баробари мардон ва ҳатто болотар аз он ба уҳда доранд.
Савол: Тафовут миёни духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонанишин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Ҷавоб: Аслан ин ду чиз қиёснашавандаанд ва барои қиёс бо ҳам муқобил гузоштани на танҳо зан, балки мардони соҳибмаълумот дар нисбат ба мардони бемаълумот қобили қабул нест.Чаро? Ин савол ҷавоб ҳам намехоҳад. Биёед, он модаронеро , ки мактаби миёнаи ҳатмиро хатм кардаанд, бо он модароне, ки умумун таҳсил надидаанд, яъне хату савод надоранду мутаассифона, дар ҷомеаи мо дар баъзе манотиқ ҳанӯз ҳам дида мешаванд, муқоиса кунем, фарқи байни онҳо замину осмон аст. Зимни баёни фарқият миёни занони хонашин ва коргар масъулияти модарии занони коргар дучанд эҳсос мегардад, яъне кор, вазифа, маълумот масъулияти модарро кам не, балки бештар мегардонанд.
Савол: Мегӯянд, ки фазои хонаро зан месозад. Дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Ҷавоб: Бо ҳисси дӯстдорӣ, бовар ба ҳамдигар, якдигарфаҳмӣ ва гузашт кардан ба баъзе хатоиҳои начандон бузург.
Савол: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик?
Ҷавоб: Ба бонувони тоҷик сарбаландӣ, некномӣ, тандурустӣ, шодмонию шодкомӣ ва саодатмандию пирӯзиҳои бештарро дар зиндагӣ ва тинҷию осудагӣ, якдилию якмаромиро дар хонадонашон таманно дорам.
Таҳияи Лайло Қосимова