Тасҳеҳ ба хабари «Азони худ намудани маблағи нафақахӯрон»
Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба хабари «Азони худ намудани маблағи нафақахӯрон», ки рӯзи 16-уми марти соли равон дар сомонаи расмии ВКД гузошта шудааст, иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабабҳои техникӣ иштибоҳан ба ҷои собиқ нозири хазинадори №12 БДА «Амонатбонк»-и ноҳияи Нуробод корманди раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нуробод зикр гардидааст, ки расман аз раёсати мазкур бахшиш мепурсем.
Ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 13 феврали соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 41-солаи ноҳияи Турсунзода, собиқ корманди филиали БДА «Амонатбонк» дар ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда дидаю дониста бо роҳи сохтакории хизматӣ, яъне бо мақсади ғаразнок бо роҳи ворид намудани маълумоти бардурӯғ ба ҷои 7 нафар нафақахӯри раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия имзо гузошта, нафақаи онҳоро ба маблағи умумии 5 ҳазору 938 сомонию 67 дирам азони худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






