Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Интурмаркет- 2016 иштирок менамояд

Март 18, 2016 07:40

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Аз 19 то 22 марти соли 2016 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия намоишгоҳи байналмилалии туристии Интурмаркет- 2016 баргузор мегардад. Намоишгоҳ дар майдони 28000 метри муррабаъ бо ширкати  1430 ширкати сайёҳӣ, 78500 иштирок ва аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ гӯшаи туристии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон  кишвари туризм» бо масоҳати 10 метри мураббаъ ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.

Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии туристӣ намояндагони  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, 6 ширкати туристии ватанӣ, ҶДММ ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» ва  ҶДММ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» ва васоити ахбори оммаи ватанӣ маводи таблиғотии худ ва захираҳои бойи туристии кишвари азизамонро муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи мазкур аз соли 2006 инҷониб дарҳои худро барои дӯстдорони сайру саёҳат боз намудааст. Тибқи маълумот теъдоди зиёди иштироки ширкатҳои туристии Федератсияи Русия ва хориҷи кишвар нисбат ба солҳои гузашта бинобар сабаби вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур ташкили хатсайрҳои нави туристӣ барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

 

Март 18, 2016 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд