Вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо кишварҳои узви Ҷомеаи Рушди Африқои Ҷанубӣ

Март 5, 2016 10:10

Душанбе, 05.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-  3 март вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо кишварҳои узви Ҷомеаи Рушди Африқои Ҷанубӣ (Southern African Development Community) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ботсвана дар СММ барпо шуд.

Зимни вохӯрӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба дастовардҳои кишвар дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои табиӣ, ташаббусҳои нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи мудирияти захираҳои обӣ ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди Устувор” маълумот дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз кишварҳои узви Ҷомеаи Рушди Африқои Ҷанубӣ даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14 июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд.

Март 5, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад