З.Саъдуллоева: Кафили фазои ором дар хонадон – ин зан аст

Март 5, 2016 11:32

Душанбе, 6.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ба саволҳои АМИТ «Ховар» роҳбалади тайёраи Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Заррина Саъдуллоева посух гуфт.

Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари  тоҷикро дар замони  муосир  чӣ тавр метавон  шарҳ  дод?

Ҷавоб: Рисолати зан-модари тоҷик, на фақат дар замони муосир, балки дар ҳар давру замон бузург буд, ҳаст  ва хоҳад монд. Вазифаи мо модарон ин тарбияи фарзанд мебошад. Модар бояд ба фарзанд  рафтору гуфтори нек омўзад,  дар сиришти ў меҳру муҳаббат, эҳтироми волидону калонсолонро бояд  ҷой кунад, маълумоти хуб диҳад ва  инсони комил тарбия намояд. Зеро  агар фарзанд боодоб, бомаънӣ ва соҳибмаълумот ба воя расад, он гоҳ  ба ватани худ софдилона хизмат мекунад.

Савол: Оё мақоми имрӯзаи Зан-Модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Ҷавоб: Имрӯз дар даврони истиқлол мақоми зан хеле боло рафта, барои тарбияи ҷавонон ба роҳи нек мусоидат мекунад. Агар модар  фарзандро хуб тарбия намояд, ҷомеа солим мешавад. Барои солимии оила, волидайн набояд фарзандонро маҷбуран оиладор кунанд.  Ҷавонон бояд бо хоҳиши худ оиладор шаванд, он гоҳ оилаҳои ҷавон  барҳам намехуранд.

Савол:Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?

Ҷавоб: Пеш аз инқилоб зани тоҷик бо мушкилиҳои зиёд дучор мегардид. Дар ин бора шоирону нависандагон бисёр асарҳо навиштаанд. Масалан, дар достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода, занро барои хоҳиши босавод шудан ва фаранҷиро аз сар партофтанаш сангсор мекунанд. Духтаронро ба мактаб намемонданд. Бисёртар ҳаёти занон бо фоҷиа анҷом меёфт. Дар давраи шуравӣ, занҳо хеле фаъол буданд. Занҳо ҳамчун механизатор, омўзгор, роҳбаладони қатора ва тайёраҳо, инчунин дар корҳои маданияту санъат фаъол буданд, ба мисли Валентина Терешкова — аввалин зане, ки ба кайҳон парвоз карда буд. Дар давраи истиқлол бошад зан-модар дар корҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият мекунад. Бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, занҳои давраи соҳибистиқлол, пешбарандаи корҳои ҷамъиятию сиёсӣ мебошанд. Имрӯз зани тоҷик дар ҳамаи самтҳо фаъол мебошад.

Савол:Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

Ҷавоб: Ифтихори зан, пеш аз ҳама, модар будан аст. Ман ифтихор аз он мекунам, ки модарам. Тарбиятгари ду фарзандам. Ифтихор аз он мекунам, ки касби хуб дорам ва дар ҳама ҳолат ба мардум хизмати худро андак ҳам бошад, мерасонам.

Савол:Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидор ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Ҷавоб:Ман фикр мекунам, ки зан бояд хатман маълумоти олӣ дошта бошад ва кўшиш намояд, ки аз омўхтани донишҳои замони худ ақиб намонад. Зане, ки маълумотдор аст, албатта дар тарбияи фарзанд пешсаф аст.

Савол:Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Ҷавоб: Будани зан дар оила, ин фазои ором дар хонадон аст. Ман кўшиш менамоям, ки дар оила ҳамеша кореро ба анҷом расонам, ки аз он фарзандонам хушҳол шаванд. Вақте, ки аз кор хаста шуда меоям, чеҳрахои хандону хушҳоли фарзандонамро дида, хастагиамро фаромўш мекунам ва кўшиш мекунам, ки оилаам ҳамеша обод бошад.

Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик

Ҷавоб: Зеботарин ва пуртоқаттарин бонувон, бонувони тоҷик мебошанд. Таманнои ман ба кулли занон хамин аст, ки хамеша хушбахт ва сарбаланд бошанд.

Таҳияи Лайло Қосимова

 

 

Март 5, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад