«Журналист бояд беғараз, пурмасъул ва зудамалкунанда бошад»- бардошт аз мулоқоти роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ бо донишҷӯён

Март 16, 2016 16:28

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Мулоқоте, ки имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар баргузор гардид, хеле озод, муфид, самимӣ ва судманд арзёбӣ шуд.
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ-роҳбари бахши кишварҳои ИДМ ва Балтияи ТАСС Борис Грушин, директори «Агентии иттилоотии «Арменпресс» Арам Ананян, директори генералии Агентии телеграфии Беларус (БелТА) Дмитрий Жук, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Таабалдиев, сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шаҳбалаев ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Қосимӣ Заробиддин дар бораи фаъолияти имрӯзаи агентиҳои давлатӣ мухтасар нақл намуданд.
Донишҷӯён дар навбати худ ба суолҳои хеш, аз қабили бо кор таъмин намудани хатмкунандагони факултаҳои журналистика дар агентиҳо, вазифаҳои агентиҳо, фаврияти хабарҳо, маълумоти дақиқ додан, хабарҳои рӯзмарраи агентиҳои давлатӣ, лоиҳаҳои махсус барои ҷавонон ва техникаю технологияҳои муосир посухҳои мушаххас гирифтанд.
Роҳбарони агентиҳои иттилоотӣ дар навбати худ зикр карданд, ки: «журналистонро мебояд дар инъикоси масъалаҳо нозукбин ва сухансанҷ бошанд. Агар эшон ба умқи масъала сарфаҳм нарафта, масъала бардоранд, ҷомеа ба онҳо бовар намекунад. Як махсусияти касби журналист ҳақгӯ будан аст. Журналист бояд беғараз, пурмасъул ва зудамалкунанда бошад. Журналистика- касби шахсиятҳои фаъол, ҷӯянда ва дорои тафаккури закӣ буда, дар навбати худ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо мекунад».
Пас аз мулоқот чанд донишҷӯ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшонро баён намуданд.
Акмал Муминов, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ мегӯяд, ҳарчанд ки бори аввал аст дар чунин вохӯрӣ иштирок дорад, аммо бисёр нозукиҳои касби журналистиро аз меҳмонони имрӯза омӯхтааст. Номбурда даъват намуд, ки чунин мулоқоти судманди сатҳи баланд бо шахсони барӯманди дигар кишварҳо зиёд гардад.
-Имрӯз роҳбарони ботаҷрибаи агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ барои фаъолияти ояндаи журналистони ҷавон тавсияву пешниҳодҳои самаранок ироа намуданд,-гуфт ӯ.
Шаҳноза Қурбонова, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт: «Вохӯрии имрӯзаро агар дарси маҳорат аз тарафи журналистони касбӣ ном барем, хато намекунем. Чунин шакли кор ба донишҷӯён оид ба мавқеи васоити ахбори омма дар ҷомеаи муосир маълумоти кофӣ медиҳад».
«Доир гардидани чунин вохӯриҳои озод бо донишҷӯёни факултетҳои журналистика-рӯзноманигорони оянда хеле судманд аст. Онҳо аз таҷрибаҳои худ нақл карданд, ки ин ҳам як мактаб аст ва донишҷӯён аз ин вохӯрӣ барои худ бардоштҳои хуб карданд»,- иброз намуд Зафар Эшматов, устоди факултети ДМТ.
Одина Давлатов, донишҷӯи курси сеюми ДМТ мегӯяд: «Иштирок кардан дар чунин вохӯриҳо барои мо, донишҷӯён ифтихори бузург аст, зеро аз чунин вохӯриҳо донишҷӯён метавонанд барои худ таассуроти зиёде бардоранд. Мо журналистони оянда ҳастем, аз ин рӯ бояд донем, ки ҳар нафаре қалам ба даст мегирад, бояд дар хотир дошта бошад, ки истеъдод, ҷуръат ва маҳорат ӯро метавонанд дар майдони эҷодиёт соҳибмақом гардонанд ва ё баръакс беобрӯ созанд».

Март 16, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид