«Журналистикаи мултимедиявӣ»- дастур доир ба журналистикаи чандрасонаӣ

Март 25, 2016 14:34

Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи Наврӯз китоби нави профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим «Журналистикаи мултимедиявӣ» дар нашриёти «Озар» аз чоп баромад. Дар дастури мазкур бахшҳои гуногуни журналистикаи чандрасонаӣ, аз қабили аксбардорӣ ва истифодаи он барои сомона, сабт ва таҳрири садо, слайд-шоуи садонок, видео дар формати Интернет, усулҳои графикии пешниҳоди иттилоъ дар Интернет, блогҳо ва сомонаҳо баррасӣ гардидааст. Аз дастур метавон асосҳои журналистикаи мултимедиявиро омӯхта, малакаи аввалияи тахассусӣ пайдо кард. Ҳамчунин дар дастур оид ба одоби нигорандагӣ ва муошират дар расонаҳои интернетӣ маълумот дода шудааст.
Китоби мазкур дар Тоҷикистон аввалин дастури таълимӣ дар ин соҳа буда, барои донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои журналистика ва онҳое, ки мехоҳанд аз журналистикаи чандрасонаӣ огоҳ шаванд, пешбинӣ шудааст.

Март 25, 2016 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд