250 рӯзи ободонӣ дар Бадахшон

Апрель 6, 2016 09:18

Хоруғ 6.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Агарчӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвози ВМКБ маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар арафаи анҷомёбист, аммо дар ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ ин маърака нав оғоз ёфт. Дар вилоят 250 рӯзи ободонӣ эълон карда шудааст.
Ба гуфтаи сардори бахши ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, соли равон барои бошандагони вилоят соли пурмасъулият ба шумор меравад. Зеро имсол дар маркази вилоят ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад. Аз ин рӯ аз 1 апрел сар карда кормандони тамоми идораву муассисаҳо, устодону донишҷуён ва омӯзгорону хонандагон ба шинондани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ шурӯъ намуданд.
Мутобиқи нақша баҳори имсол бояд дар ҳудуди вилоят 430 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 57 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 3 ҳазор ороишӣ ва 370 ҳазор ниҳолҳои сояафкан шинонда шаванд. Аммо аз ҳама муҳим нигоҳубин ва ҳифзи ин ниҳолҳо аст. Таҷрибаи солҳои қаблӣ гувоҳӣ медиҳад, ки нисфи зиёди ин ниҳолҳо ба иллати беобӣ ва ё беназоратӣ хушку нобуд мегарданд. Аз ин рӯ имсол ин ниҳолҳо ба кормандони идораву муассисаҳо вобаст карда шуданд ва ҳар яки онҳо ҳифзу муроқибаташонро бар дӯш гирифтанд. Комиссияи махсус дар фасли тирамоҳ бори дигар вазъи гулу буттаҳо ва ба хусус дарахтонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Апрель 6, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад