398 мамнӯъшуда дар дохили кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд
Душанбе, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли равон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он 38 ҳазору 133 шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардаанд.
Тавре ки сармутахасисси Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Дӯстмурод Умбаров иброз намуд, ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 14 ҳазору 212 нафар дар рўйхати мамнўъшудагони маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират қарор доштанд.
Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 398 нафарро, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ аст, дар дохили кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин намуданд.
“Дар айни ҳол, рўйхати мамнўъшудагон ба ҳолати 30 декабри соли 2015- 330 ҳазору 602 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рўйхат саривақт ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шудааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, пеш аз сафар дар ҷои маҳалли зист худро ройгон санҷанд”,-илова намуд Д. Умбаров.
Бино ба маълумоти Гурўҳи экспертии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ба 60 нафар шаҳрванди дорои якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона мебошанд, иҷозати дубора гирифта, фаъолияташонро дар Русия давом дода истодаанд.
“Дар давраи ҳисоботӣ тавассути марказҳои тестии дохили ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия ба 448 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия дода шуд”,-илова намуд мусоҳиб.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






