8 соли маҳрумият аз озодӣ барои нашъаҷаллобӣ

Апрель 19, 2016 17:35

Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи  мақомоти мазкур парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муродов Фирӯз Хуршедович бо моддаи 200, қисми 3, бандҳои «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуда буд.

Ф.Х. Муродов барои он айбдор  гардид, ки 14 январи соли 2016, тахминан соати 11,  дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Ҷавонӣ, дар қабати шоҳроҳи мошингарди Ёвон  Душанбе ҳангоми ба харидори шартӣ барои фурӯш пешниҳод намудани 1260  грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир  ва аз дасти ӯ ин воситаи нашъадор ёфт гардид.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  аз 1 апрели соли 2016  Ф.Х. Муродов бо моддаи  мазкур    гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати 8 сол бо нигоҳ доштан дар   муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.

Апрель 19, 2016 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад