8 соли маҳрумият аз озодӣ барои нашъаҷаллобӣ
Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти мазкур парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муродов Фирӯз Хуршедович бо моддаи 200, қисми 3, бандҳои «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуда буд.
Ф.Х. Муродов барои он айбдор гардид, ки 14 январи соли 2016, тахминан соати 11, дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Ҷавонӣ, дар қабати шоҳроҳи мошингарди Ёвон Душанбе ҳангоми ба харидори шартӣ барои фурӯш пешниҳод намудани 1260 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва аз дасти ӯ ин воситаи нашъадор ёфт гардид.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2016 Ф.Х. Муродов бо моддаи мазкур гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






