Қаҳрамони дзюдои Осиё ба ватан баргашт

Апрель 18, 2016 14:29

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.-Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон давру замон ягон паҳлавон дар риштаи гӯштини дзюдо аз Тоҷикистон қаҳрамони Осиё нагардидааст ва ба ин ҳам наздик набуд. Бо шарофати Комрони Устопириён, писари Мураббии шоистаи Тоҷикистон Усто Устопиров, ки дар ривоҷи гӯштин дар Тоҷикистон саҳми беандоза гузоштааст, ин занҷири сангини қаҳрамоншавӣ дар риштаи дзюдо дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти кишварамон шикаста шуд. Ӯ роҳеро кушод, ки садсолаҳо дар борааш чун қаҳрамониҳои Рустами афсонавӣ мегӯянд ва ҳарф хоҳанд зад.
Комрони Устопириён ба Ватан баргашт ва ӯро сазовор пешвоз гирифтанд.
Дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд — пойтахти Узбекистон баргузор шуд, Комроншоҳ дар даври аввал бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва дар даври дувум бар Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омада, дар даври нимниҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ дастболо шуд ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон, давлате, ки дзюдо моли он мебошад- Юсуке Кобаяши пирӯз гашт.
Дар ин пирӯзиҳои Комроншоҳ саҳми падараш ва устоди феълиаш, мутахассиси маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов бузург аст.
Дар суҳбат Усто Устопиров ба хабарнигори “Ховар” иттлоъ дод, ки умед дорад писараш дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро иштирок карда, ваъдаи ба Президенти кишвар дар соли 2010 дар вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар додаашро иҷро кунад.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт дар вазни то 90 кг сазовори мақоми севум гардида, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буд.
Комроншоҳи Устопириён соли 1993 ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ ғолиби Гран-прии дзюдо-2014 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мебошад. Комроншоҳ соли гузашта дар Гран-прии дзюдо дар Узбекистон дувум шуда, баъдан соҳиби медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт, ҳамчунин соҳиби медали нуқраи Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван шудааст.
Тавре аз Федратсияи дзюдои мамлакат хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ҳаққи ширкатро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия соҳиб шудааст ва умед аст, ки боз ду нафар дзюдочиёни кишварамон ба ӯ ҳамроҳ шаванд.

Апрель 18, 2016 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP-2024». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо дастаи Филиппин вомехӯрад
Дар Рӯшон майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2024» бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2024 иштирок мекунанд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Сup 2024» дар Тайиланд иштирок мекунад
Дар Тоҷикистон барои рушди варзиши камонварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродӣ муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид