Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар «Кохи Олимп»- и шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16 –сола оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар он ҳайати дастаҳои мунтахаби духтарони то 16 – сола аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд.
Ҳадафи баргузории мусобиқа рушди маҳорату сатҳи касбии волейболбозони ҷавон, табодули таҷриба, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои варзишии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Баргузории ин чемпионат дар Тоҷикистон барои омодагӣ ба мусобиқаҳои бузурги қитъавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё ва бозиҳои расмии FIVB барои волейболбозони ҷавон аҳамияти калон дошта, натиҷаҳои дастаҳо метавонанд дар раддабандии минтақавии дастаҳои наврасон таъсиргузор бошанд.
Мусобиқа 7 июл бо баргузории бозии ниҳоӣ ва супурдани ҷоизаҳои Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16 –сола ботантана анҷом хоҳад ёфт.
АКС: АМИТ «Ховар»








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






