Ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Апрель 14, 2016 17:07

Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти корҳои дохилии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваста байни намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масоили тақвият бахшидани ҳамкорӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вохӯриву гуфтушунид ва мулоқотҳои судманд баргузор мегарданд.
Дар ин раванд баргузории ҷаласаи аввалини мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 — 16 апрели соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мубориза бар зидди экстремизм-терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар назар аст.
Бо ин мақсад барои иштирок дар ҷаласаи якуми мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати расмии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Ҳайати расмии меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам ва дигар шахсони расмӣ бо ба ҷо овардани анъанаву суннатҳои қадимии мардуми меҳмоннавози тоҷик истиқбол намуданд.

Апрель 14, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид