Ҳаким Фузайлов — сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаким Фузайлов, бозингари шӯҳратёри дастаи «Помир»-и Душанбе, муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин гардид.
Ба зиммаи ин мураббии 51-сола вазифаи ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби кишвар вогузор шуд.
Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббӣ рӯзи 2 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба майдон мебарорад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 7 июн дар Бангладеш дар назар дошта шудааст.
Муаррифии Ҳаким Фузайлов расман рӯзи 3 май дар конфронси матбуотие дар ФФТ сурат мегирад. Ӯ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯяд.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августа соли 1964 таваллуд шудааст. Ҳамчун бозингар қадами нахустини худро ба футболи касбӣ дар дастаи «Пахтакор»-и Қурғонтеппа гузоштааст. Аз соли 1986 то соли 1991 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе бозӣ карда, баъдан соли 1992 ба дастаи «Локомотив»-и Маскав гузаштааст. Дар ҳайати ин даста ӯ соли 1994 сазовори медалҳои биринҷии Чемпионати Русия гардидааст. Соли 1995 даъвати дастаи «Арсенал»-и Туларо пазируфта, дувуним сол дар лигаи дуввуми Русия ба ҳайси капитан ҳунарнамоӣ кардааст. Баъди анҷоми мавсими соли 1997 ба даъвати дастаҳои «Металлург»-и Красноярск, «Дӯстлик»-и Узбекистон ва клубе аз дивизиони дуввуми Франсия нигоҳ накарда, Ҳаким Фузайлов майдони футболро тарк кард.
Ба ҳайси мураббӣ Ҳаким Фузайлов клуби узбекистонии «Бухоро»-ро соли 1990 ва баъдан «Динамо»-и Самарқандро машқ додааст. Соли 2003 сармураббии дастаи «Андиҷон» ва баъди як сол мураббии «Титан»-и Русия шудааст. Аз соли 2005 дастаи «Локомотив»-и Калугаро машқ додааст.
Солҳои 2005-2010 дар вазифаи мураббии интихобгар дар дастаи «Локомотив»-и Маскав фаъолият кардааст. Аз соли 2011 — муовини директори клуби Ростов буд.
Моҳи январи соли 2012 Фузайлов ба вазифаи ноиби президенти клуби «Локомотив»-и Тошканд дар самти интихоби бозингарон вазифадор шуда, баъдан сармураббии ин даста таъйин гардид.
Баъди аз дастаи «Локомотив» рафтан Фузайлов дар вазифаи мураббии интихобгари клуби «Терек»-и Грозний кор кардааст. Аз моҳи январ то ҳоло дар вазифаи муовини роҳбари техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекард.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






