Ҷаласаи падару модарон дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 14-уми нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак барои соли 2016, бахшида ба 5-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифтаи раванди таълим ва донишандўзии донишҷўён, иштироки фаъолонаи донишҷўён дар чорабиниҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси меҳанпарастии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи мутахассисони лаёқатманд ҷаласаи падару модарони донишҷўёни курси якум баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оѓоз бахшида, ба падару модари донишҷўён дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории ҷаласаи мазкур гузориш дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки дар тамоми суҳбату вохўриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал меоранд, ки волидайн, тамоми соҳторҳои давлатӣ ва дар маҷмўъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» — ро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набошанд ва дастҷамъона дар устувориву пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон хотирнишон сохтанд, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ барои солҳои 2015-2020» қабул карда шудааст. Татбиқи амалӣ ва бомароми барнома идома ёфта, дар оянда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим боло бардошта шуда, ҳамзамон мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгўй ба стандартҳои байналмилалӣ ва дар руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносӣ тарбияёфта омода карда шаванд. Сипас дар кори ҷаласа, масъалаҳои саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба Донишгоҳ, ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз кашидани носу сигор, нўшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳо, нагаравидани донишҷўён ба ҳаргуна равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта, раҳоӣ бахшидани донишҷў аз хурофот ва таассуб, аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бино ва саҳни донишгоҳ худдорӣ намудан, ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидан ба низоми омўзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ, ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ, мусоидат намудан ба ташрифи донишҷўён ба театрҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, иштироки падару модар дар дарсҳо, воқиф будан аз рафтор ва одоби муоширати донишҷў, баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузии онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар умум натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки падару модарони донишҷўён ба падидаи баргузории ҷаласаи волидайн нек муносибат намуда, онро бо қаноатмандӣ эътироф карда, ба хушӣ пазируфтанд. Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки бо амалишавии барномаи мазкур дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба миён меоянд.








Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд






