Андоза нигаҳ дор…

Апрель 14, 2016 13:56

Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Ифрот — ин қуллаи ниҳоии зиёдаравӣ ва аз андоза убур кардан аст. Агар пеши роҳи ҳар гуна зиёдаравӣ сари вақт гирифта нашавад, он ба ҳадди ифрот мерасад.

Пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз замонҳои қадим то имрўз барои ҷомеаҳои тинҷу ором яке аз хатарҳои ҷиддӣ маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ воқеъбинона таъкид намуданд, ки “рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.

Дар таърихи динҳои ҷаҳонӣ ҳолатҳои хусусияти ифротгароӣ касб намудани баъзе ҷараёну шохаҳои онҳо кам нестанд ва инсоният шоҳиди даргириҳои зиёде дар ин замина шудааст. Аммо шурўъ аз охирҳои асри ХХ дар дохили пайравони дини ислом ифротгароии динӣ ба таври хеле назаррас авҷ гирифта, дар ояндаи наздик пешбинӣ намудани роҳҳои пешгирии онро барои тамоми олимону мутахассисон мушкил гардонидааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар байни мусулмонон ифротгароии динӣ бо суръат паҳн гардида истодааст, ҳол он ки дини ислом худ дини сулҳҷӯву сулҳпарвар мебошад? Барои посух додан ба чунин суол зарурати омўзиши решаҳои таърихии пайдоиши ифротгароии динӣ дар олами ислом тақозо мегардад.

Дар асри 7 дар нимҷазираи Араб пайғамбари охирзамон Муҳаммад (с) мардумро ба дини нав – ислом даъват намуд. Дини ислом дар байни мардум тадриҷан паҳн гардида, дар замони зиндагии паёмбар ба ҳайси як дини дорои низоми ягонаи эътиқодӣ пазируфта шуд. Даъват ба амали хайру савоб, ба бародарию баробарӣ ва бунёди низоми адолатноку боинсофона зери итоат ба неруи ягонаи объективӣ ба дили мардуми зери одатҳои нангин ва сангин монда на танҳо умед бахшид, инчунин барои муттаҳидии динӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва забонии онҳо мусоидат намуд. Ислом дар асл ва ибтидо сиёсӣ набуд, вале раванди объективии бунёди давлатҳо ва муборизаҳои оштинопазир ҷиҳати ҳимояи манфиатҳо дар заминаи сохтори вайроншудаистодаи қавмияти араб тадриҷан ба ў ҷомаи сиёсӣ пўшонд.

Масъалаҳои пайдошудаи баъдӣ, ки бо низоми идораи молӣ, пулӣ ва ҳудудӣ тавъам буданд, тадриҷан ташкили падидаи сиёсиро тақозо намуд, ки дар натиҷа дар ислом равияву фирқаҳои дорои характери гуногун ба вуҷуд омаданд. Дар ҷараёни зиндагии Муҳаммад (с) байни мусулмонон ихтилофе вуҷуд надошт, вале баъди риҳлати ў ҳанўз маросими дафн ба сомон нарасида, масъалаҳое зуҳур намуданд, ки дар оянда асли пайдоиши зиддият дар ҷомеаи мусулмонон гардиданд. Тафриқаи аввал ва умдатарин дар ислом ба масъалаи сиёсӣ иртибот дошта, вобаста ба маснади халифаи пайғамбар дар давлатдории навини арабҳо ба вуҷуд омадааст. Дар ин баҳс сухан аз мероси паёмбарӣ не, балки аз ваколат ва мақоми пешвоӣ мерафт, ки баъдан дар даврони интиҳои хилофати рошиддин моҳияти дунявӣ ва сиёсиро касб кард. Дар ин замина, дар ислом равияҳои асосии он: аҳли суннат ва ҷамоат, шиа ва хавориҷ ба вуҷуд омада, ба ин муборизаҳои сиёсӣ бо дидгоҳҳои эътиқодӣ неруи манфӣ бахшиданд.

Таърихи ислом дар шохабандии худ танҳо бо ин равияҳо иктифо накарда, бар замми онҳо боз мазҳабҳо ва чандин фирқаҳо низ мавҷуданд. Баъзеи онҳо дар як давраи муайяни таърихӣ вобаста ба тақозои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ба миён омада, сипас дар чанголи давру замонҳои номусоид нопадид шудаанд. Аммо таълимоти баъзеи дигарашон дар тўли зиёда аз ҳазор сол сайқал ёфта, гурӯҳи зиёди мусулмонони арабу аҷамро ба коми худ кашиданд. Бо вуҷуди умумияти дини ислом равияву фирқаҳои он аз бисёр ҷиҳат аз ҳам тавофут доранд, аз ҷумла дар принсипҳои ҳалли ҳуқуқии масъалаҳо, ҷаҳонбинӣ ва таълимоти динӣ, муносибат бо ғайридинҳо, тарзи анҷоми ибодат ва ғайра.

Сараввал шариати ислом, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии мусулмононро ба танзим медаровард, ба Қуръони карим ва ҳадиси набавӣ такя менамуд, вале тадриҷан ба ин сарчашмаҳо аз ҷониби муллоҳо аз рӯи ғараз ва манфиатҳои гуногун боз тафсирҳо, иҷмоъ, иҷтиҳод, фатво ва қиёсҳои нав илова гардиданд. Онҳо маҳсули меҳнати зеҳнии уламои ислом мебошанд ва дар раванди таърих аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо бо ҳам мухолиф мебошанд. Уламои ислом, ки дар минтақаи гуногуни олам зиндагӣ доштанд, масъалаҳои гуногуни ҷамъиятиро ба Қуръону ҳадис такя дода, бо назардошти дастурҳои равияву мазҳаби муайян ва фарҳанги маҳаллии худ ҳаллу фасл мекарданд. Як масъала аз ҷониби олимони алоҳида ба таври гуногун шарҳу тафсир ёфта, ҳамаи онҳо дурустии хулосаи худро бо такя ба Қуръону ҳадис ва мактабҳои ҳуқуқи мусулмонӣ исбот менамуданд. Дар натиҷа, дар олами ислом низоми ягонаи ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи кулли равияву ҷараёнҳо ташаккул наёфт. Бархўрди манфиатҳои диндории мардуми одӣ низ аз ҳамин тафовутҳои ғояҳои тарҳрезишудаи уламои диниву соҳибони мазҳаб маншаъ мегирад.

Аз сабаби таҳаммулгаро набудани саркардаҳои як қатор равияву фирқаҳои ислом, пайравони онҳо низ аз ин сифати наҷиб (таҳаммул) бенасиб монда, дар масири таърих ва замони муосир бо мушкилиҳо рў ба рў гардидаанд. Беҳуда Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» аз номи Имом Ҷаъфар ба Имом Абўҳанифа нагуфтааст: «Афтидани мо боке надорад, худро эҳтиёт кун. Ту агар лағжӣ, думболи ту қавме мелағжад».

Лағжиши иддае аз саркардагони ҷараёнҳои ифротӣ боиси авҷ гирифтани низоъҳои динию мазҳабӣ гардидааст. Баҳри ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян ва абарқудратҳои ҷаҳон имрўз низ ҳамон лағжишҳои “уламои динӣ” аз нав эҳё гардида, пайравони онҳо боз ифротгаро ва дар муносибат бо дигарон, аз ҷумла бо худи мусулмонон оштинопазир гардида истодаанд. Мунозираҳои мазҳабӣ дар замири баҳси илмии саркардагони онҳо зуҳур карда, аз рӯи манфиатҳои молию ҷуғрофӣ ба таҳқири шахсӣ, гурӯҳӣ ва ифротӣ гузар намуда, ҷомеаҳои исломиро ба хунрезию моҷароҳо мубтало кардаанд. Ин ҳолат хоси аксари кишварҳои мусулмоннишин гашта, то ҷое, ки гӯё сифати мўъминро маҳз ҳамин хислати бад муайян мекарда бошад.

Ин раванд ва чунин фитнаҳо бо вуҷуди мавҷудияташон дар тўли таърих ҳеҷ гоҳ хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ ва шохаи мовароуннаҳрии он набуд. Имрўз низ касе ҳаққи маънавии ба чунин фитнаҳо кашидани мардуми таҳаммулпазири моро надорад. Мо дар баробари ҳушёрӣ ва зиракиамон бояд хуб дарк кунем, ки фитнагар, ифротгаро ва таҳаммулнопазир на ба миллат, на ба мазҳаб ва на ба эътиқоди мо иртибот надорад. Ў дониши қавии илмӣ, таърихӣ ва динӣ надорад, ба фарҳанг ва мазҳаби мо бегона аст ва ё ки қадру қимат, мазҳаби аҷдодии худро надонистааст ва ё дониста, бо ин ҳама виҷдони худро фурўхтааст.

Аз ин рў, барои мубориза бурдан бо ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки омилҳои зуҳури он дар ҷомеа, таъсири равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ба густариши он ва муҳимтар аз ҳама, сабабҳои русухи ҷараёнҳои ифротӣ дар дохили худи ислом ва роҳҳои таҳкими асли таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ, алалхусус риштаи мовароуннаҳрии он зарур мебошад. Қадами аввали ин роҳ омўзиши амиқ ва илмии ин раванд аст, ки мутаассифона, то ба ҳол ба таври воҷиб роҳандозӣ нашудааст.

То решаҳои рушддиҳанда ва ғизодиҳандаи ифротгароӣ аз назари илмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва фарҳангӣ омўхта нашаванд, мубориза бо он душвор хоҳад буд. Ва дар заминаи чунин иқдом омўзиши таҷрибаи гузаштагони миллати тоҷик дар ҳифзи исломи асили таҳаммулгаро аз мунозираҳои ифротӣ ба манфиати давлати миллии мо хоҳад гардид.

 

Бахтиёр Юнусов,

Мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2016 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон