АНМН: Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа
Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрели соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи аввали соли 2016 доир гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии Агентӣ дар давраи сипаригашта оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои муомилоти қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак, мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Инчунин натиҷаи санҷиши фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ва ҳолати ташкили кор бо ҳайати шахсии Агентӣ таҳлил карда шуд.
Директори Агентӣ доир ба ҷоннок намудани кор дар самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ дар соли 2016, пешгирӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба дигар давлатҳо, пешгирӣ намудани паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва саркардагони онҳо дар назди ҳайати шахсии Агентӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






