Ҷанни Инфантино: Тағйирот дар Ҷоми ҷаҳон- 2018
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи ҷаҳонӣ Ҷанни Инфантино, ки имрӯзҳо бо мақсади шиносоӣ аз макони баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ба шаҳри Маскав омадааст, дар суҳбат ба хабарнигорон арз кард, ки дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Русия истифодаи такрори наворҳо барои доварон ба роҳ монда мешавад. Ин дар ҳолест, ки Ҷанни Инфантино дар мансаби Президенти FIFA ҳамагӣ аз 26 феврали соли 2016 нишастааст.
“Мо, -гуфт ӯ,-қарори таърихиро дар бораи истифодаи видео-довар қабул кардем. Дар давоми се сол мо онро таҷриба мекунем. Бовар дорам, ки Чемпионати ҷаҳон дар Русия аз аввалин мусобиқоте хоҳад буд, ки дар он ин навигарӣ ворид мешавад.”
Моҳи март Шӯрои ассотсиатсияҳои футболи байналмилалӣ қарори худро дар мавриди истифодаи видео-довар ба тасвиб расонд ва сар аз мавсими соли 2017/18 он ду сол санҷида мешавад. Инфантино далел овардааст, ки аллакай як Конфедератсия ва 12 Ассотсиатсияҳои миллии футбол барои истифодаи ин шакли нав омода будани худро баён кардаанд.
Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар Русия аз 14 июн то 15 июл дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия; Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград, Волгоград, Екатеринбург, Самар, Сочӣ ва Ростови лаби Дон гузаронида мешаванд.








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






