Бар бемории қанд ғалаба мекунем!

Апрель 5, 2016 16:35

Душанбе, 5.04.2016. / АМИТ «Ховар»/. Имсол 7 апрел-Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Бар бемории қанд ғалаба мекунем!» доир хоҳад гашт. Тавре ки маълум аст, бемории қанд сол то сол дар бештари кишварҳои ҷаҳон босуръат паҳн мешавад.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Фотима Ғоибова, шурӯъ аз соли 1950 дар ҷаҳон 7 апрел ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана ҳамасола ба мавзӯҳои алоҳида бахшида мешавад.
«Аслан сиҳатии аҳолӣ ҳамарӯза дар мадди назари давлату ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои марбута қарор дорад. Имсол Рӯзи байналмилалии саломатӣ дар ҷумҳурӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. 7 апрел дар ҳамаи марказҳо ва бунгоҳҳои тиббии кишвар «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорат аксияи хизматрасонии ройгони тиббӣ гузаронида мешавад. Дар ин рӯз тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва ташхисӣ пешкаши мардум мегарданд. Ҳамаи кормандони соҳаи тиб дар ин рӯз ба мардум ройгон хизмат хоҳанд расонид. Ҳар нафаре, ки мехоҳад аз вазъи саломатиаш маълумот гирад ва ё ба машварат ва маслиҳати мутахасиссони соҳаи тиб ниёз дорад, 7 апрел метавонад ба муассисаҳои давлатии тиббӣ муроҷиат намояд»,- илова намуд Фотима Ғоибова.
Бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд.
Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.
«Диабети қанд бемории муттасилест, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст. Дар ин рӯз мутахасиссони соҳаи тиб ба мардум варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории қанд тақсим мекунанд. Тариқи ин иқдом мардум дар бораи роҳҳои пешгирии бемории қанд, муолиҷа ва оқибатҳои он огаҳии бештар пайдо хоҳанд кард»,- иброз дошт мусоҳиб.

Лайло Қосимова

Апрель 5, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид