Баргузории намоиши таълимӣ-туристӣ дар Хатлон

Апрель 22, 2016 10:36

Душанбе, 22.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Қурғонтеппа бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ-туристӣ-2016 доир гардид. Дар чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.

Тибқи иттилои Саидҷон Абдуллоев, муовини директори ширкати «T.M. International», дар намоишгоҳ намояндагони 16 донишгоҳ аз 6 кишвари дунё, аз ҷумла ИМА, Малайзия, Чин, Британиёи Кабир ва Туркия ба хонандагон дар бораи донишгоҳҳои хориҷӣ ва имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар маълумот дода, хоҳишмандонро барои таҳсил дар беҳтарин макотиби олии дунё ҷалб намуданд.

Апрель 22, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст