Барномаи тарҳрезикардаи «Толибон» барои смартфонҳо нобуд карда шуд
Душанбе, 04.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати амрикоии «Google» аз саҳифаҳои интернетӣ барномаи махсусеро, ки барои смартфонҳо гурӯҳи терористии «Толибон» ташкил карда буданд, пурра нобуд кардааст. Тавре хабаргузории «ТАСС» иттилоъ медиҳад, сухан дар мавриди барномае меравад, ки тавассути он гуруҳи террористии «Толибон» фаъолиятҳои ифротгароёнаву тахрибкоронаи худро таблиғ ва ҳамчунин наворҳои махсусеро дар он ҷойгир мекарданд. Гуфта мешавад барномаи мазкур барои телефонҳои мобилӣ бо системаи Android пешбини шуда бо забони паштуӣ роҳандозӣ шуда буд. Толибон тариқи интернет фаъолияти густурда мебаранд то аъзои худро ба маротиб бештар намоянд. Сомонаи онҳо бо панҷ забон, аз ҷумла англисӣ ва арабӣ фаъолият менамояд. Ҳарчанд дар гузашта ҷониби Афғонистон борҳо кӯшиши аз байн бурдани ин сомонаро кардааст, аммо ҳеҷ яке аз ин талошҳо натиҷа надодаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






