Баррасии иштироки Миссияи мушоҳидон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқии Тоҷикистон
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ дорад.
Дар рафти ҷаласа лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои дарпешистодаи мақомоти СҲШ, хусусан Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, раванди музокирот оид ба қабули давлатҳои аъзои нав ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмараи фаъолияти Созмон, аз ҷумла иштироки Миссияи мушоҳидон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” 22 майи соли 2016 мавриди муҳокима қарор доранд.








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






