Баррасии иштироки Миссияи мушоҳидон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқии Тоҷикистон

Апрель 20, 2016 18:18

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ дорад.
Дар рафти ҷаласа лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои дарпешистодаи мақомоти СҲШ, хусусан Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ, раванди музокирот оид ба қабули давлатҳои аъзои нав ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмараи фаъолияти Созмон, аз ҷумла иштироки Миссияи мушоҳидон аз СҲШ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” 22 майи соли 2016 мавриди муҳокима қарор доранд.

Апрель 20, 2016 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд