Боздиди намояндагони Бундестаг аз Парлумони Тоҷикистон

Апрель 4, 2016 09:56

Душанбе, 04.04.2016 /АМИТ «Ховар/.«Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон беш аз 40 Созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ ба имзо расидааст, ки он дар тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар нақши муассир мегузорад». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар мулоқоташ бо ҳайати Бундестаги Олмон Фолкмар Фогел, Дагмер Шмидт, Катрин Кунерт ва Йоханнес Дитрих дар Душанбе иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров бо дахли равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон зикр кард, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Бундестаги Олмон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад. Фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ-парлумонӣ барои рушди равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф заминаи мусоид фароҳам меорад. Инчунин таъкид гардид, ки омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи қонунофарии парлумонҳои ҳамдигар мувофиқи мақсад аст.
Шукурҷон Зуҳуров ба ҳайати парлумонии Олмон доир ба захираҳо ва имконоти иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ дода, тақвияти ҳамкории ҳар ду кишварро дар бахшҳои мухталиф яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.
Мусоҳибон ҳамзамон дар мулоқот доир ба вазъи минтақа, хусусан авзои Афғонистон ва мубориза бар зидди ҳама гуна хатар ва таҳдидҳои замони муосир табодули назар карданд.

Апрель 4, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид