Бунёди боғи интенсивӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Апрель 20, 2016 11:47

Файзобод, 20.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод ба истиқболи ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон корҳои ободонӣ, сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ ҷараёни тоза касб намудаанд. Сокинони ҷамоати мазкур дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, дар корҳои тозакорӣ саҳм мегузоранд.
Хоҷагиҳои инфиродии ҳудуди ҷамоат аз ҳисоби картошкаи тухмии аълосифати захиравӣ дар майдони 137 гектар картошка кишт намуда ва 90 гектар боғи нав бунёд кардаанд.
Инчунин соҳибкор Низомиддин Раҷабов бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ як гектар боғи замонавии «интенсивӣ» бунёд кардааст, ки тибқи иттилои мутахассисон дар як гектари чунин боғҳо 2500 бех ниҳол шинонида, дар муддати 5 сол то 80 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.

Апрель 20, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад