Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илми Хатлон пешравиҳо назаррасанд
Қурғонтеппа, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Раиси вилояти Хатлон олимону зиёиёни Хатлонро бо Рӯзи илм табрик гуфта, зикр кард, ки дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат дар соҳаи илми вилояти Хатлон низ тағйироту пешравиҳои назаррас ба вуқўъ пайвастанд, ки ин дар маҷмўъ ба рушди мамлакат мусоидат менамояд.
Дар ин давра заминаҳои моддӣ-таълимӣ, кадрӣ ва техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбии вилоят пайваста рушд карда, алҳол шумораи онҳо ба 48 адад, аз ҷумла 10 муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ, 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо имконияти фарогирии зиёда аз 56 ҳазор нафар донишҷўёну касбомўзон аз рўи беш аз 150 касбу ихтисосҳои зарурӣ ва ба бозори меҳнат рақобатпазир расидааст.
Зикр шуд, ки ҳоло дар ин муассисаҳои илмӣ ва таълимии касбӣ беш аз 3 ҳазору 500 нафар олимону устодон, ходимони илм ва тадқиқотчиёни варзида фаъолияти пурсамари илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва омўзгорӣ мебаранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






