Дарвоз нақшаи даъватро дар рӯзи якум иҷро кард

Апрель 1, 2016 16:16

Хоруғ, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар рўзи нахустини маъракаи муҳим — даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола аз 1-апрел оғоз меёбад, комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъватро сад фоиз иҷро кард. Хотиррасон бояд кард, ки панҷоҳ фоизи зодагони Дарвоз, ки имрӯз худихтиёрӣ озими маркази муоинаи тиббӣ-ҳарбӣ гардида буданд, дорои маълумоти олӣ ҳастанд.
Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ҳангоми гусели ҷавонон ба сафи хизмат гуфт, ки ин сарзамини бузургу таърихии миллати тоҷикро танҳо фарзанди модари тоҷик метавонад бе дудилагӣ, бо сарбаландӣ, матонату садоқату мардонагӣ муҳофизат намояд, зеро ҳар як ваҷаби ин хоки ватан муқаддас аст ва онро ҳимоя ва дар роҳи осудагии он фидокориву ҷонбозиҳо кардан аз ҳама авлотар аст.

Апрель 1, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад