Дастовардҳои варзишгарони Хатлон дар се моҳ
Қӯрғонтеппа, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ 154 медал ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, варзишгарони вилоят дар се моҳи аввали соли 2016-ум дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро сазовор гаштаанд.
Инчунин варзишгарони вилоят дар 14 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати дастаҳои «Хатлон-1» ва «Хатлон-2» иштирок намуда, 35 медали тилло, 33 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Айни замон дар вилоят 29 мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, як мактаби махсуси олии варзишӣ фаъолият намуда истодааст, ки дар онҳо 12 ҳазору 890 нафар варзишгарон ба машқу тамрин машғул буда, аз он 1 ҳазору 600 нафарашро бонувон ташкил медиҳад.








Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






