Даъвати донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба ватандӯстӣ

Апрель 20, 2016 11:26

Бӯстон, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ 19 апрел бо донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
Боқӣ Қудратов — мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба амалҳои ғайриқонунӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ибрози назар намуда, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ даъват намуд.
Зимни баргзории мулоқот аз ҷавонон даъват карда шуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва якпорчагии Ватан саҳмгузор бошанд ва 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Апрель 20, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад