“Фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят кунем”, “Чаро соҳибкорон фаъолиятро қатъ менамоянд?”, “Писта ҳам гул кард” – шарҳи матбуот

Апрель 28, 2016 16:29

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмии   “Ҷумҳурият”, ки рӯзи шанбе чоп шудааст, аз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон хабари муфассал нашр карда, матни суханронии Сарвари давлатро бо сарлавҳаи “Ёвон ба яке аз марказҳои калонтарини саноатӣ табдил меёбад” ва матни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёдро бо сарлавҳаи “Фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят кунем” ба хонандагон пешкаш кардааст. Чун анъана мундариҷаи саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе”-ро хабарҳои хурди таърихӣ ва навиштаҳои ҷолибу завқбахш ташкил додааст.

“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, табиист, ки тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова карда мешаванд”, — бо ин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шумораи рӯзи сешанбеи “Ҷумҳурият” (26.04.2016) нашр шудааст. Мақолаҳои “Имло ислоҳи ҷиддӣ мехоҳад”, “Кӯлоб. Бетартибӣ дар терминалҳои мусофиркашонӣ”, “Саодат” – тозагӣ омили муҳими эътимоди мардум” ва хабару гузоришҳо аз омодагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 22-юми майи соли равон баргузор мегардад, дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудаанд. “Ҷумҳурият” инъикоси мавзӯи муҳими рӯз – омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шумораи навбатӣ (аз 27-уми апрели соли 2016 таҳти рақами 81) идома дода, андешаҳои судяи Суди конститутсионӣ Д.Ҳошимзодаро чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: “Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия падидаи нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин амал дар ҳамаи кишварҳо анҷом дода мешавад ва қонунҳои асосии давлатҳо бо мурури замон ва талаботи ҷомеа такмил меёбанд…”. Дар шумораи имрӯзаи нашрияи расмии “Ҷумҳурият” сафари Пешвои миллат ба шаҳри Норак бо хабару гузоришҳои муфассал инъикос шудааст. Зимни сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Норак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, Гимназияи давлатии рақами 1, мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28, ҳамчунин муҳимтарин қисмати иншооти стратегии НБО “Норак” – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигази 500 кВ ба истифода дода шуданд. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки 120 меҳмони баландпоя аз 20 кишвари ҷаҳон бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ шурӯъ кард. Вобаста ба ин дар шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” мақолаи алоҳида чоп шудааст.

“Чаро соҳибкорон фаъолиятро қатъ менамоянд?” – бо чунин сарлавҳа нашрияи парлумонии “Садои мардум” (23.04.2016, №53) аз ҷараёни хониши вакилӣ “Оид ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор баргузор шуда, дар ҷараёни он ба беш аз 40 саволи вакилони Маҷлиси намояндагон роҳбарону масъулини Кумитаи андоз посух гуфтаанд, гузориши муфассали матбуотӣ омода намудааст. Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин Изҳороти раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё, ки 19-уми апрели соли равон дар Маскав қабул гардид, чоп шудааст. Шумораҳои 54-55-и “Садои мардум” аз 26 апрели соли равон дар 8 саҳифа дарҷ гардида, матни суханрониҳои Сарвари давлат зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ёвон ва хабару мақолаҳои ҷолибро аз ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (28 апрели соли 2016) гузориши муфассал оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак чоп гардидааст. Хабарҳо аз фаъолияти вакилони мардумӣ дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи якуми ин шумораи “Садои мардум” чоп шудаанд.

Мақолаҳои “Президент: Соҳибкорон созандагони Ватан мебошанд”, “Русия Тоҷикистонро дастгирӣ кард”, “СҲШ: Форум баргузор мекунем”, “Шоҳони бирешимӣ” ва гузориши матбуотӣ бо сарлавҳаи “Шаҳрҳои Суғд чӣ тавр пайдо мешаванд” – чунин аст муҳтавои шумораи инҳафтаинаи нашрияи русзабони кишвар “Народная газета”.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” андешаҳои А.Аҳмадзодаро оид ба сафари дурӯзаи президенти ҷумҳурии Узбекистон ба Федератсияи Русия бо сарлавҳаи “Чашм ба чашм”, мақолаҳои “Адвокатҳо меноланд”, “Бунёдкорони Роғун” ва хабару мақолаҳоро аз ҳаёти варзишии кишвар пешниҳоди хонандагон кардааст.

“Фараж” дар шумораи навбатӣ мақолаи рӯҳонии маъруф домулло Ҳикматуллои тоҷикободиро бо номи “Салафиҳо хилофи Қуръон амал мекунанд” нашр кардааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи декани факултаи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдураҳим Каримов бо сарлавҳаи “Чаро “Озодӣ” аз нашри ҳарфи ҳақ худдорӣ кард?” чоп шудааст.

Ҳафтаномаи “Миллат” матлабҳои зерин: “Аз чунин “дӯст” дурӣ бояд ҷуст!”, “Ҷангу сулҳи Афғонистон”, “Футбол: Духтарон майдондорӣ мекунанд”-ро чоп кардааст.

Нашрияи «СССР» бахшида ба 79-солагии арбоби шинохтаи театри тоҷик Ҳошим Гадоев ва ба муносибати 100-солагии ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев мақолаҳо нашр кардааст.

Шумораи рӯзи душанбегии “Asia-Plus” бо сарлавҳаи “Понздаҳ дӯстони Душанбе” аз бародаршаҳрии пойтахти Тоҷикистон бо дигар шаҳрҳои Аврупову Осиё ва Амрико мақолаи ҷолиб ба хонандагони худ пешниҳод намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” дар шумораи навбатӣ аз сафари кории Сарвари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон гузориши матбуотӣ бо аксҳо пешкаши хонандагон намудааст. “Модаркуш аз қавми мусулмон нест”, “Писта ҳам гул кард”, “Омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол”, “Гулшани маърифат” – мақолаҳои шумораи инҳафтаинаи “Минбари халқ” паҳлӯҳои мухталифи зиндагии замони муосирро дар бар гирифтаанд.

Апрель 28, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон