Фурудгоҳ тайи се моҳ чӣ корҳоро ба иҷро расонд?

Апрель 12, 2016 16:15

Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон аз хизматрасониҳои «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 229 ҳазору 480 нафар истифода намудаанд, ки 101 ҳазору 211 нафари онҳо ворид гардида, 128 ҳазору 269 нафар сафар намудаанд. Дар ин давра 368 тонна бор а ворид ва 62 тонна бор содир шудааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зикр гардид, ки новобаста ба буҳрони иқтисодӣ фаъолияти семоҳаи фурудгоҳ хуб ҷамъбаст гардид.
Дар се моҳи аввали соли равон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» корҳои техникӣ, барқарорсозии таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо, қисман корҳои тамғазании хатҳои таваққуфгоҳи мошинҳо анҷом дода шуданд.
Дар ин давра кормандони фурудгоҳ машқҳои зиддисӯхторӣ ва наҷотдиҳиро низ доир намуданд.

Апрель 12, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад