Гулистон: Қариб 20 ҳазор нафар дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок мекунанд

Апрель 26, 2016 08:42

Гулистон, 26.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба таъғиру иловаҳо ба Конститсияи кишвар омодагиҳо ҷараён доранд. Дар ин радиф дар шаҳри барқчиёни шимоли кишвар — Гулистон низ дар самти баргузории ин чорабинӣ корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Тавре  масъули хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рустами Одизода ба хабарнигори АМИТ “Ховар”  хабар дод, барои баргузории ин чорабинии муҳими давлатӣ дар бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи маркази шаҳр ҳавзаи раъйпурсии Гулистон №29 ташкил карда шуда,  тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия, участкаҳои раъйпурсӣ муайян, рўйхати шаҳрвандоне, ки дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд, тартиб дода шуда, аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ таъйин гардиданд ва ҷараёни корҳои тарғиботӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дар шаҳр 20 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуда, тибқи рӯйхат  теъдоди умумии иштирокдорон дар раъйпурсӣ  19 ҳазору 277 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 329 нафар бори аввал иштирок мекунанд.

Апрель 26, 2016 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад