Гулистон: Қариб 20 ҳазор нафар дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок мекунанд
Гулистон, 26.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба таъғиру иловаҳо ба Конститсияи кишвар омодагиҳо ҷараён доранд. Дар ин радиф дар шаҳри барқчиёни шимоли кишвар — Гулистон низ дар самти баргузории ин чорабинӣ корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Тавре масъули хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рустами Одизода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод, барои баргузории ин чорабинии муҳими давлатӣ дар бинои шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи маркази шаҳр ҳавзаи раъйпурсии Гулистон №29 ташкил карда шуда, тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия, участкаҳои раъйпурсӣ муайян, рўйхати шаҳрвандоне, ки дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд, тартиб дода шуда, аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ таъйин гардиданд ва ҷараёни корҳои тарғиботӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дар шаҳр 20 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуда, тибқи рӯйхат теъдоди умумии иштирокдорон дар раъйпурсӣ 19 ҳазору 277 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 329 нафар бори аввал иштирок мекунанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






