Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Апрель 27, 2016 12:51

Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки истироҳатгоҳ дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар майдони 4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.
Ин мавзеъро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 13 августи соли 2013 зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак дода буданд, бунёд кардааст.
Дар вақти сохтмони маҷмааи истироҳатию фароғатии «Пули Сангин» соҳибкор бо дарназардошти тамоми хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, боду ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб кардааст.
Истроҳатгоҳ бо маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ бо 60 ҷойи нави корӣ бунёд шуда, аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси калон ва тенниси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳаммом, мототсиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар ҳудуди истироҳатгоҳ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхушӣ иборат мебошад.
Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошанд.
Соҳибкор Абдурасул Муҳидов нақша дорад барои пурраю мукаммал кардани имкониятҳои истироҳатӣ баҳри мизоҷон дар ҳамин ҷо боз дар марҳилаи дуюми сохтмони фароғатгоҳ ҳавзи моҳӣ ва як тарабхонаи дигар бунёд намояд.
Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, дарахтони гуногуни нодир, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки ба ҳар як инсон писанд меоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имконоти истироҳату фароғати ин мавзеъ ба кори соҳибкор Абдурасул Муҳидов барои ин иқдоми созанда баҳои баланд дод. Президенти мамлакат ҳамчунин дастур дод, ки дар оянда барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Апрель 27, 2016 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026