Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории вараҷа таҷлил мешавад

Апрель 25, 2016 16:35

Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа ҳамасола 25-уми апрел таҷлил мешавад. Он аз ҷониби Ассамблеяи байналмилалии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2007 қабул гардида, ба пурзўр намудани мубориза бо бемории вараҷа ва беҳтар намудани чораҳои самарабахш бар зидди он бахшида мешавад. Шиори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар ин сол «Бемории вараҷаро тамоман аз байн мебарем!» номгузорӣ гардидааст.
Аз рўи баҳогузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, маҳз тавассути заҳматҳои зиёди бар зидди бемории вараҷа нигарондашуда, аз соли 2000 то ин ҷониб зиёдааз  3,3 миллион беморон аз марг наҷот ёфтаанд.
Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Фотима Ғоибова, бемории вараҷа яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои соҳаи тандурустии бисёре аз кишварҳо ба шумор меравад, чунки қариб 40% аҳолии кураи замин дар зери хатари сироятёбии бемории вараҷа қарор доранд. Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 200 миллион одамон ба бемории вараҷа гирифтор шуда, зиёда аз 600 ҳазори онҳо аз ин беморӣ мефавтанд.
Беш аз 90% ҳодисаҳои бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, аз ин беморӣ сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто Аврупо низ сироят меёбанд.
«Вараҷа дар Тоҷикистон ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта амалан аз байн бурда шуда буд, фақат манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буд»,-илова намуд Ф.Ғоибова.
Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа то андозае аз нав хурӯҷ кард, ки сабаби он нобасомониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар  гардида буд.
«Дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалии мубориза бо бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа ва як қатор давлату ташкилотҳои сармоягузор мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ ба марҳилаи элиминатсияи он расида, солҳои охир тағйироти назаррас дар коҳиши ин беморӣ ба мушоҳида мерасанд. Шиддати интиқоли ин беморӣ кам гардида, шумораи беморон аз 29 ҳазору 794 ҳодиса, ки дар соли 1997 ба қайд гирифта шуда буданд, то 5 ҳодиса дар соли 2015 расид. Аз ин шумора 4 ҳодисаи вараҷаи серўза ҳодисаҳои интиқолӣ буда, як ҳодисаи дигар ҳодисаи такроран беморшудаи (ретсидив) вараҷаи серўза мебошад. Бояд зикр кард, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ягон ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст»,-афзуд мусоҳиб.
Ба гуфтаи Ф. Ғоибова, новобаста аз комёбиҳои ба дастомада, хатари бозгашти бемории вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вуҷуд дорад. Агар имконияти зиёдшавии муҳоҷирати байнидавлатиро аз Афғонистон вобаста ба ташвишовар гардидани вазъ ва низом дар ин кишвар баъди хориҷ шудани қувваҳои НАТО ба инобат гирем, ин хатар боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд. Дар айни замон манбаъҳои боқимондаи вараҷа эҳтимолан бо парвози хомўшакҳои сироятёфта аз Афғонистон вобастагӣ доранд. Ҳатто якчанд ҳодисаи интиқолӣ аз Афғонистон ва ё дигар кишварҳои нисбат ба ин беморӣ эндемикӣ (Покистон, Ҳиндустон ва ғ.) метавонад ба фаъолшавии манбаъҳои вараҷа дар Тоҷикистон сабаб шуда, хатари паҳншавии онро дар минтақаҳои нисбат ба бемории вараҷа эндемикӣ боз зиёдтар созад.
Хотиррасон мекунем, ки  имрӯз дар Маркази миллии ташхис, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва «Маркази ҷумуҳуриявии мубориза бар зидди  бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии иттилотӣ таҳти унвони «Ба нестшавии бемории вараҷа ноил мешавем!» баргузор гардид.

Л.Қосимова

Апрель 25, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид