Имрӯз «Реал» бо «Волфсбург» вомехӯрад
Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 12-уми апрел соати 11-45 бозии ҷавобии ¼ -ниҳоии Лигаи футболи Ҷоми чемпионҳои Аврупо дар варзишгоҳи «Сантияго Бернобеа» байни дастаҳои «Реал»-и Мадрид ва «Волфсбург»-и Германия баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дастаи «Реал»-и Мадрид дар бозии аввали ¼ -ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо дар варзишгоҳи «Волфсбург Арена» дар муқобили клуби «Волфсбург» бозии хуб нишон дода натавонист ва бо натиҷаи 2:0 мағлуб шуд.
Баъди баргузории қуръакашии бозиҳои ¼- ниҳоӣ воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон аз он ҳадс мезаданд, ки барои ба даври дигар гузаштани «Реал» ҳарифи на он қадар пурқувват интихоб шуд ва бозиҳо барои ин дастаи шоҳона, мисли як сайругаште хоҳанд буд, аммо тавре натиҷаи бозии аввал нишон медиҳад, дастаи «Волфсбург» аз қабили он дастаҳое нест, ки бар ҳарифи овозадораш осон тан диҳад.
Дар бозии аввал дар дақиқаи 18-ум соҳибони майдон баъди иҷрои зарбаи 11-метра аз ҷониби Рикардо Родригес ба сафи пеш баромаданд. Максимилиан Арнолд баъди 7 дақиқа бартарии мизбононро бештар кард. Натиҷаи ин вохӯрӣ бозингарони дастаи «Реал»-ро маҷбур мекунад, ки дар бозии ҷавобӣ тамоми имконияташонро истифода баранд, то аз натиҷаи ду вохӯрӣ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гиранд, агар не, пас дастаи «Волфсбург» аввалин маротиба метавонад ба бозиҳои нимниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо роҳ ёбад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






