Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори зиддиинсонӣ нигоҳ медорад
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Шояд кам касон донанд, ки дар Тоҷикистон даҳҳо таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ амал карда истодаанд ва онҳо наврасон ва ҷавононро бо таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро мегиранд, ки мўҳтаво ва мундариҷаи ин таълим ба касе маълум нест. Дар даврони шўравӣ дарсҳои динӣ шабона пинҳонӣ ба роҳ монда мешуданд. Рўҳан муллобачае, ки дар муҳити тарс ва пинҳонӣ дарс меомӯзад, аксаран афкори зиддидавлатӣ хоҳад дошт.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди шўравӣ ҷавонон ба тарзи оммавӣ барои таҳсил дар таълимгоҳҳои динӣ ба кишварҳои гуногуни Шарқи Наздик барои таҳсил рафтанд. Ходимони диние, ки дар ин давлатҳо тайёр карда мешаванд, табиист, ки арзишҳои динии дар он давлатҳо роиҷ ба мағзашон ҷо шудаю ба эътиқодашон табдил меёбад. Онҳо ба ватан баргашта, ба дигарон дарс мегўянд ва пайравони худро пайдо мекунанд.
Агар дар таълимгоҳҳои олии давлатии Тоҷикистон таълими асосҳои дин ба роҳ монда шуда, ба ин восита ходимони динии ба давлату миллат содиқ тарбия карда шаванд, нуран ало нур мебуд. Ходимони дин, махсусан имомхатибҳо, онҳое ки бо таълимоти динии аҳолӣ сарукор доранд, бояд дорои ду маълумоти олӣ (динӣ ва дунявӣ) бошанд. Имон ба ислом бошаду вале дониши динӣ набошад, одам метавонад ифротгаро шавад. Хоҳишмандоне ҳастанд, ки барои таълимоти динӣ гирифтани фарзандонашон онҳоро бо худ ба Федератсияи Русия, Қазоқистону Қирғизистон мебаранд.
Солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошўравӣ ва арабӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурўҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад. Дар ин ҷода фаъолияти дурусти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ манфиати зиёде оварда метавонад. Гумон мекунам диққати асосиро ба ҷавонони дар маҳалҳобуда ҷалб бояд кард. Имрўз масъалаи ҷавонон аз нигоҳи тафаккури онҳо, муносибат ба дину мазҳабҳо ташвишовар аст. Ташаккули идеологии ҷавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳол он ки тақдири ҳар миллату давлат ба масъалаи идеологӣ ва тарбиявию ахлоқии ҷавонон вобаста мебошад. Аз рўҳониёни суннатӣ барои тарбияи насли нави рўҳониён ва умуман тарбияи динии наврасону ҷавонон ба таври фаровон истифода бояд кард. Масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ мақоми масъалаи стратегиро бояд касб намояд. Барои татбиқи он бояд мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма якҷоя ва бо мутобиқат амал намоянд.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо қарзи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст. Ба ватани мо омилҳои хатарбори зиёде, мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гурўҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ таҳдид менамоянд. Ин воқеият ба оромию суботи минтақа ва Тоҷикистон хатар дорад.
Имрўз дар ҷаҳон масъалаи терроризмро ба ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айби бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусулмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не! Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолатҳои муҳими имонӣ медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст.
Дар мисоли таҷрибаи рӯзгори одамони муваффақ дар соҳаҳои мухталиф барои ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма пешкаш намудани мисолҳои мушаххас ба манфиати кор аст. Мақсад он аст, ки ҷавонон намунаи одами муваффақро бубинанд ва ба он пайравӣ намоянд. Воситаҳои ахбори омма бояд жанри як замон машҳури очерки портретӣ (чеҳравӣ)-ро зинда гардонанд, барои ҷавонон «идеал» офаранд ва ин идеал боиси пайравӣ гардад.
Боиси ташвиш аст, ки ҳоло 1094 нафар ҷавонони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» меҷанганд. Суханони канслери Олмон Ангела Меркел дар бораи ислом ва мусулмонон барои ҳар як мусулмон бисёр нанговар аст, вале афсӯс, ки ҳақиқат аст. Мана ин суханон: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегўяд: Аллоҳу Акбар! Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем дин чист». Чӣ қадар нанговар! Аммо чӣ метавон кард, ки ҳақиқат аст. Шояд суханони Ангела Меркелро хонда, ҳар як мусулмон суханони «муъмин бародари муъмин»-ро ба ёд биёрад.
Имрўз ҷаҳон субот надорад, ҳайфе,
Як ними замин хоб надорад, ҳайфе,
Аз ҷанги Сауд бо Яман сад тавба,
Муслим бародарӣ надорад, ҳайфе.
Танҳо моҳи март 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷанги Сурия ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳамаи онҳо аз сўи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботиралӣ Ҷалоловро 7 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ботиралӣ ҳангоми муҳоҷират дар Русия аз тариқи шабакаи интернетии «Одноклассники» бо шаҳрванди Узбекистон бо лақаби «Абу-Майрам» шинос шуда, даъвати ўро барои пайвастан ба террористони «Давлати Исломӣ» пазируфт ва 13.10.2015 бо ҳавопаймо ба шаҳри Истанбули Туркия парвоз кард. Аммо дар марзи Сурия аз сўи мақомоти Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Назаралӣ Сафарзода, ки дар шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳамватанаш А. Х. Доров ба созмони террористии «Давлати Исломӣ» шомил гардида буд, рўзи 7.10.2015 бо ҳавопаймо ба Истанбул парвоз намудааст. Назаралӣ низ вақти убури марзи Сурия ба даст афтод ва ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Назаралӣ Сафарзодаро ба 7 соли зиндон маҳрум кард.
Зарина Сардорова соли 2015 ҳашт моҳ дар Сурия ба сар бурдааст. Дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо ҳар ном саҳифаҳо кушода, худро «зани ҷиҳодӣ» муаррифӣ мекард. Ў аз тариқи интернет бо Маърифат ном зани аъзои «Давлати Исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, бо даъвати ў 23.01.2015 ба Истанбул парвоз намудааст. Ҳамроҳи Маърифат ва шавҳари ў аз марз мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия ба ҷиҳодиён ҳамроҳ шуд. Бо супориши роҳбарияти ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафҳои ҷиҳодиён машғул шуд. Ба пайвандон ва дўстонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват менамуд. Зарина Сардорова бар асоси моддаҳои 307 қисми 2 ва401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.
Кормандони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар деҳаҳои Даҳана ва Шўрча, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 нафарро бо ҷурми тарғиби ғояҳои ифротгароии динии ташкилоти экстремистии «Ҷиҳодигароён» ва даъвати мардум барои барпо намудани хилофат дар Осиёи Марказӣ дастгир намуданд. Тавре ки маълум шуд, роҳбари ин ҷамъияти «Ҷиҳодигароён» шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Алишер Каримов бо лақаби Алӣ-мулло будааст. Ҳамдеҳагонаш ва пайравонашро гирд оварда, ба ҷалби ҷавонон ба сафи ҷиҳодиён машғул мешавад. Ў ҷавонони гумроҳро ба Туркия мефиристод ва баъди дар он ҷо мағзшўӣ шуданашон онҳоро ба Сурия мефиристоданд. Ба воситаи интернет ба ҳаммаслакони дар Сурия будаи худ дар тамос буд. Алишер Каримов муътақидони худро ба воситаи Афғонистон-Покистон-Сурия ба сафҳои ДОИШ мефиристод. Ба ҳар як ҷалбшуда 500-600 доллар медод.
Алӣ-мулло шахсан чанд маротиба гурӯҳҳои ҷавононро бо канорароҳҳои Ёвону Шӯрообод ба тарафи Афғонистон бурда, онҳоро ба ҷиҳодиёни афғон супоридааст. Тафтиши аъмоли Алишер Каримов давом дорад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Фатҳиддинови 30-сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28-солаи сокинони ноҳияи Ҷиликӯлро боздошт намуд, ки қасди тарконидани бинои раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро доштанд.
Шамсиддин Фатҳиддинов ба дараҷае ифротӣ шудааст, ки худро бо мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия тарконданӣ шудааст. Фатҳуддинов ва Саймубиддинов аз тариқи Туркия ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргаштанд.
Бо мақсади тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шамсиддин ва Самовиддин зарфҳои газдору мошин тайёр карда буданд, вале, хушбахтона, ба даст афтоданд. Тафтишот идома дорад.
Ҷараёни равандҳои сиёсӣ собит менамояд, ки ихтилофоти иҷтимоӣ бо дахолат аз берун, бо дахолати тарафи сеюм буҳронӣ мешавад. Гурўҳи сеюм танҳо ба хотири ба вуҷуд овардани вазъи буҳронӣ яке аз тарафҳои даргирро дастгирӣ намуда, диққати ҷомеаро ба самти ба худашон зарур мебахшанд ва бо ин пардаи «ҳараҷу мараҷи» сиёсию иҷтимоӣ мақсадҳои нопоки худро пиёда мегардонанд. Аз рўи мақоли англисии «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» амал намуда, давлатҳои бутунро ба пораҳо тақсим менамоянд (Олмонҳои демократӣ ва федоролӣ, Судон, Гвинея…). Ин кишварҳо ба ду давлат ва Гвинея ба се давлат тақсим шуданд. Дар чунин ҳолати воқеии парокандагӣ аз пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳоҷати гап нест. Дар Ироқ вақти сари қудрат будани Саддом Ҳусейн таълим ва табобат ройгон буду суботи ҷамъият пойдор. Аммо манфиати давлатии ИМА ин кишварро ба бесуботию хунрезӣ мувоҷеҳ гардонид. Саддом Ҳусейн моҳи декабри 2006 дар рўзи иди қурбон ба дор овехта шуд.
Имрўз Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурўҳҳои террористӣ гардидааст. Аммо аз яроқи қатли оми Ироқ то имрўз дараке нест. Шояд Амрико аз ҳисоби нафти Ироқ хароҷотҳои дар Афғонистон кардаашро пӯшониданӣ буд? Шояд. Ироқи имрўза низ се пора аст. Дар Шимолу Шарқ, гурўҳи террористии ДОИШ хилофати худро бунёд кардааст. Минтақаҳои курднишин талоши мустақилият доранд. Ва ниҳоят, пораи дигар минтақаҳои зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ.
Талоши абарқудратҳо барои пиёда гардонидани манфиатҳои миллии худ дар нуқоти гуногуни олам боиси пайдоиши ҳаракатҳою гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ноамнию бесуботию бесару сомониро боис мешавад.
16.12. 2014 аъзои ҳаракати Толибони Покистон иборат аз 9 нафар ба мактаби кўдакону наврасон, воқеъ дар шаҳри Пешовар ҳамла намуда, 132 кўдак ва 9 омўзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дар ин миён писараки 9-сола низ буд. Навоз Шариф, сарвазири Покистон баъди ин ҳодиса ҳукми қатлро барои террористон, ки қаблан манъ шуда буд, дубора ҷорӣ кард.
Ҳамин рўз дар Ироқ 150 духтарону занон (қисме занони ҳомила) ва кўдакон аз тарафи ДОИШ қатл карда шуданд. Сабаб он буд, ки ин занону духтарон аз ҳамхобагӣ бо ҷангиёни ДОИШ сар печидаанд.
Маъракаи интихоботӣ дар Афғонистон бо иштироки Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва ғайричашмдошт дастболо шудани охирӣ ҷамъияти Афғонистонро метавонист ба гирдоби ҷанги қавмӣ кашад. Ба хотири оромиши Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз даъвои президентӣ гузашт ва вазифаи сарвазири Афғонистонро ба уҳда гирифт. Ба ин монанд, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои якпорчагии кишвар ва Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, ба хатари ҷони худ нанигариста, оқибат Тоҷикистонро ба як давлати воҳид, марзи сулҳу субот табдил дод. Шубҳае нест, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар Афғонистон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухолифинро ба Ватан баргардонид, ба сохторҳои идории давлатӣ шомил намуд ва бо ин суботи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро таъмин кард. Аммо кўрнамакҳо низ буданд. Баъди соли 1997 то имрўз силоҳбадастони мухолифини тоҷик на як бору ду бор хиёнатро нисбат ба миллату давлати худ раво диданд. Ба ёд биоред, Мирзо Зиёев (Тавилдара), Алии Бедакӣ, Мулло Абдулло (Рашт), Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим)-ро, ки қасди табаддулоти давлатӣ дошт. Ҳамаи ин магар терроризм нест?
Бешубҳа, терроризм аст. Терроризмест, ки дар ҳар як давлат бо симои хоси худ, вале мазмунан ҳама ҷо яксон пайдо мешавад.
Зубайдулло Давлатов,
сармутахассиси МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон