«Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ»

Апрель 6, 2016 17:49

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти чунин унвон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Эр-граф» китоби доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои кишвар Абдураҳмон Маҳмадовро аз чоп баровард.
Дар ин китоб ҷанбаҳои гуногуни истиқлоли сиёсӣ таҳлилу баррасӣ шудаанд. Муаллиф бо диди нав тафсири фаҳмишҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ ва ғайраро шарҳ додааст.
Бахши муҳими ин китоб ба вазъи сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистон дар солҳои пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст.
Дар бахши дигари китоб, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои геопалитикии ҷаҳони муосир» ном дорад, муаллиф доир ба паҳлӯҳои мухталифи мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мулоҳиза рондааст.
Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла намояндагони соҳаи илм, маориф, сиёсат ва ғайраҳо тавсия дода мешавад.

Апрель 6, 2016 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад