Кофтукови ҷасади писарбачаи шашмоҳа идома дорад
Душанбе, 4.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷасади зани худкуш аз як мавзеи деҳаи Мавлавии ноҳияи Рўдакӣ зимни корҳои кофтуковию ҷўстуҷӯии кормандони Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳаи номбурда дарёфт гардида, кофтукови ҷасади писарбачаи ноболиғи ӯ идома дорад.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маркази шаҳри Ваҳдат назди бозори «Хайр» рўзи 2 апрел соати 07:50 дақиқа зани шахсияташ номаълум худ ва кўдаки ноболиғашро аз болои пули мошингузар ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.
Бино ба иттилои кумита, он зан Раҳимова Мафтуна Абдузоировна, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи деҳаи Файзободи кўҳнаи ноҳияи Файзобод будааст. Мавсуф аз сабаби ҷанҷоли оилавӣ ба хонаи падараш ба шаҳри Ваҳдат кўчаи Бинокорон №-44 омада, худро бо писарчаи шашмоҳааш ба дарё партофтааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






