Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Бар зидди истифодаи силоҳи ядроӣ чӣ гуна бояд мубориза бурд?

Апрель 6, 2016 09:09

Душанбе, 6.04.2016 / АМИТ «Ховар»/. «Аввалин амалиётҳои ҷавобӣ бар зидди истифодаи силоҳи кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроӣ»- таҳти чунин унвон дар заминаи Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омўзишӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Кумита, курси мазкур тибқи барномаи кўмак дар мубориза бар зидди терроризми Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ва бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз анҷоми омӯзиши дуҳафтаина мутахассисони кумита соҳиби сертификати байналхалқӣ шуданд.
Дар назар аст, ки аз ҷониби барномаи мазкур ба Кумита барои боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ як қатор таҷҳизотҳои техникӣ супорида мешавад.

Апрель 6, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад