Маҳинаро аз дарёи Сир наҷот доданд

Апрель 8, 2016 17:13

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи мактаби таҳсилоти умумии № 18-и шаҳри Ҳуҷанд Кенҷаева Маҳина Сангалиевна, соли таввалудаш 1998, истиқоматкунандаи ҳамин шаҳр, кӯчаи Бобокалонов, хонаи 31 имрӯз соати 13-31 дақиқа бо сабабҳои номаълум худро аз купрӯки И. Сомонӣ ба дарёи Сир партофтааст.
Дастаи зудамали наҷотдиҳандагони ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо сардории подполковник Ғ. Шарипов Маҳина Кенҷаеваро аз об зинда бароварда, ба сохторҳои дахлдор супориданд.
Дар айни ҳол Маҳина дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ карда шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов хабар дод.

Апрель 8, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад