Мактаббачагони тоҷикободӣ дар бинои нав таҳсил мекунанд
Душанбе, 2.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод бинои нави муассисаи таҳсилоти умумӣ №-15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барои бунёди бинои ин мактаб, ки дорои панҷ синфхона ва дафтари омӯзгорон мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумии 99,391 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби хеш бинои нави мактабро бо таҷҳизоти омӯзишӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.
Ю. Ишикава, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин ноҳия дар маросими муваффақона анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ(GGP) иштирок карда, зикр намуд, ки лоиҳаҳои барномаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон тавассути рушди соҳаи маориф, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва чӣ дар маҳалҳои сераҳолӣ, ба беҳтар гаштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Инчунин лоиҳаҳои мазкур барои вусъат бахшидан ба равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.
Бояд зикр намуд, ки зз соли 1996 то инҷониб кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28,5миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






