Мизи мудаввар доир ба тарғиби тарзи ҳаёти солим

Апрель 15, 2016 09:36

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Гурӯҳҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъамандӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷараёни он нақши шӯроҳои маҳаллӣ дар пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва коҳиш додани нашъамандӣ, роҳҳои пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб, самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёриёни онҳо дар ин самт, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ — фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишӣ баррасӣ гаштанд.
Зикр гардид, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии олимпии Кумитаи миллии олимпӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардид.

Апрель 15, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад