Мошине, ки бояд ҳангоми тарконидани бинои РВКД дар Хатлон истифода мешуд, аз ҷиноятпешагон дарёфт гардид
Душанбе, 1.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷинояти мудҳиши сӯиқасд ва таркишро дар РВКД дар вилояти Хатлон ошкору пешгирӣ намуданд.
Акнун амалӣ кардани нақшаи навбатии террористӣ барои ду нафари ботаҷриба мушкил набуд. Шамсиддин Фатҳуддинов, соли таваллудаш 1986 ба Самовуддин Саймуҳиддинов, соли таваллудаш 1988, ҳарду сокинони ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон супориш додааст, ки барои анҷом додани таркиш балонҳои кислород пайдо намояд. Тибқи нақша ва дастур ин ҷиноятпешагон бояд бинои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро мавриди таркиш қарор медоданд. Инҳо аз Сурия супориш гирифта, ончунон айёрона рафтор мекарданд, то касе аз робитаю гуфтугӯи онҳо пай набарад ва барои амалӣ гаштани ин нақшаҳо ҳамарӯза симкортҳои навро истифода мекардаанд.
Чуноне зикр шуд, барои ин хиёнатпешагон ҳатто падару модар арзише надошта, танҳо ба суханони хурофотпарастона ва гумроҳсозандаи ифротгароён дода шудаанд. Шамсиддин, ки барои падари худ заррае хизмат накардааст, омода буд мошини ӯро дар содир кардани ҷинояти тахрибкорӣ истифода намояд.
Хушбахтона, кӯшиш ва заҳматҳо, мушоҳидаҳои фаврии кормандони РКҶ ВКД боис гардиданд, ки боз як ҷинояти махсусан вазнин пешгирӣ ва гумонбарон-содиркунандагони он дастгир шуданд. Далелҳои шайъӣ, балонҳои кислород, мошине, ки бояд ҳангоми тарконидани бинои РВКД дар вилояти Хатлон истифода мешуд, аз ҷиноятпешагон дарёфт шуда, содир кардани ҷинояти мазкурро тасдиқ месозанд.
Ин ду нафар ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан аз Федератсияи Русия ба давлати Сурия рафта, таълимдидаи бошишгоҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия буда, аз пайравони фаъоли гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» шудаанд.
Бо мақсади содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Туркияро убур карда, аввал ба Русия ва сипас ба Тоҷикистон баргаштаанд.
Шамсуддин Фатҳуддинов ончунон ба фиребу найрангҳои гурӯҳҳои терррористӣ бовар кардааст, ки ҳатто барои онҳо ҷонашро фидо мекардааст. Аз нақли ӯ маълум гардид, барои амалӣ кардани таркиш ё худ инфиҷор худро ҳамчун фидоии фаъол нишон доданӣ шуда, дар мошине, ки бо модда ва ашёҳои тарканда дар шаҳри Мосули давлати Сурия ҷиҳозонида шуда буд, розӣ шудааст, ки худро битарконад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






